ДОНИШҶЎЁНИ ТОҶИК ДАР КЕМБРИДЖ ТАҲСИЛ КАРДА МЕТАВОНАНД
Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Минбаъд дастпарварони беҳтарини мактабҳои миёнаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар Донишгоҳи Кембридж таҳсил карда метавонанд. Ин ба туфайли барномаи ҳамкории Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Бунёди рушди байналмилалии Донишгоҳи Кембридж муяссар гардид. Дар ин бора ҳафтаи гузашта созишномаи ҳамкорӣ имзо карда шуд. Тибқи ҳуҷҷат, ҳар сол аз ҷумлаи дастпарварони мактабҳои миёнаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ барои таҳсил дар Донишгоҳи Кембридж ду нафари беҳтарин интихоб карда мешаванд. Донишҷӯён дар ин ҷо бо ҷои хоб ва стипендия таъмин карда хоҳанд шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шӯъбаи минтақавии Мактаби таҳсилоти касбӣ ва муттасили Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






