ДОНИШҶЎЁНИ ТОҶИК ДАР КЕМБРИДЖ ТАҲСИЛ КАРДА МЕТАВОНАНД

Июнь 22, 2009 11:38

                   Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Минбаъд дастпарварони беҳтарини мактабҳои миёнаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар Донишгоҳи Кембридж таҳсил карда метавонанд. Ин ба туфайли барномаи ҳамкории Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Бунёди рушди байналмилалии Донишгоҳи Кембридж муяссар гардид. Дар ин бора ҳафтаи гузашта созишномаи ҳамкорӣ имзо карда шуд. Тибқи ҳуҷҷат, ҳар сол аз ҷумлаи дастпарварони мактабҳои миёнаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ барои таҳсил дар Донишгоҳи Кембридж ду нафари беҳтарин интихоб карда мешаванд.                   Донишҷӯён дар ин ҷо бо ҷои хоб ва стипендия таъмин карда хоҳанд шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шӯъбаи минтақавии Мактаби таҳсилоти касбӣ ва муттасили Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Июнь 22, 2009 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид