ЭЪТИРОФИ СИФАТИ КИТОБХОИ ЧОПИ ТОҶИКИСТОН

Июнь 8, 2009 17:18

                   Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 4-5 июни соли ҷорӣ 3 нашриёти тобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озмуни 4-уми байналмилалии "Санъати китоб" дар шаҳри Маскав якбора соҳиби се ҷоиза гардиданд.                   Аз ҷумла, китоби мусаввари "Рӯдакӣ", ки нашриёти "Ирфон" ба табъ расонида, таҳиягарони он Ҷӯрабой Шарифов, Усмон Назиров ва Амир Исоев мебошанд, дар бахши "Санъати китоб" дипломи дараҷаи якумро соҳиб гашт. Дар номинатсияи "Иттиҳод" китоби "Робитаҳои адабии байналмилалии Тоҷикистону Арманистон"-и Абдувалӣ Давронов, ки нашриёти "Адиб" чоп кардааст, сазовори ҷойи сеюм дониста шуд.                Ҳамчунин, китоби "Ганҷина"-и Салоҳиддин Наҷмиддинов, ки нашриёти "Маориф ва фарҳанг" ба нашр расонидааст, бо дипломи ҳавасмандкунӣ сарфароз гардонида шуд.Озмуни 4-уми байналмилалии "Санъати китоб" ҳар сол баргузор мегардад ва нашриётҳои Тоҷикистон дар он иштирок мекунанд, вале ин дар таърихи озмун аввалин муваффақияти нашриётҳои Тоҷикистон мебошад. Дипломҳо ба соҳибонаш дар рӯзҳои намоишгоҳи китоб дар шаҳри Маскав, аввали моҳи сентябр супорида мешаванд.                  Бояд гуфт, ки озмун дар Агентии оид ба матбуот ва расонаҳои гурӯҳии Федератсияи Русия баргузор гардида, дар он аз ҳамаи кишвари аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил иштирок намуданд.                  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Вазорати фарҳанг хабар доданд.  

Июнь 8, 2009 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад