ФАРРУХ АМОНАТОВ ДАР САФИ ПЕШ
Тошканд, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Тавре хабар дода шуда буд, дар шаҳри Тошканд мусобиқаи минтақавии қаҳрамонии Федератсияи байналхалқии шоҳмот давом дорад. Рӯзҳои истироҳати гузашта дар ин ҷо 3 қувваозмоӣ баргузор гардид. Дар ин мусобиқа намояндаи Тоҷикистон Фаррух Амонатов мисли пештара дар сафи пеш қарор дорад. Вай баъди 7 қувваозмоӣ 6 хол ба даст овардааст, ки ин нисбат ба ҳарифи наздиктарини ӯ як хол зиёд мебошад. Ф. Амонатов дар ҷараёни мусобиқа 5 ғалаба ба даст оварда, 2 бозиро якранг анҷом дод. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки натиҷаи ҳунарнамоии намояндагони дигари Тоҷикистон он қадар назаррас нест. Шоҳмотбози тоҷик Соҳиб Ҷӯраев баъди 7 қувваозмоӣ 2,5 хол ба даст оварда, айни ҳол ҷои 10-умро ишғол намуд. Намояндаи дигари Тоҷикистон Надежда Антонова ҳамагӣ як хол ба даст овардааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






