ФАРРУХ АМОНАТОВ ДАР САФИ ПЕШ

Июнь 22, 2009 12:02

                     Тошканд, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Тавре хабар дода шуда буд, дар шаҳри Тошканд мусобиқаи минтақавии қаҳрамонии Федератсияи байналхалқии шоҳмот давом дорад. Рӯзҳои истироҳати гузашта дар ин ҷо 3 қувваозмоӣ баргузор гардид. Дар ин мусобиқа намояндаи Тоҷикистон Фаррух Амонатов мисли пештара дар сафи пеш қарор дорад. Вай баъди 7 қувваозмоӣ 6 хол ба даст овардааст, ки ин нисбат ба ҳарифи наздиктарини ӯ як хол зиёд мебошад. Ф. Амонатов дар ҷараёни мусобиқа 5 ғалаба ба даст оварда, 2 бозиро якранг анҷом дод.                      Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки натиҷаи ҳунарнамоии намояндагони дигари Тоҷикистон он қадар назаррас нест. Шоҳмотбози тоҷик Соҳиб Ҷӯраев баъди 7 қувваозмоӣ 2,5 хол ба даст оварда, айни ҳол ҷои 10-умро ишғол намуд. Намояндаи дигари Тоҷикистон Надежда Антонова ҳамагӣ як хол ба даст овардааст.

Июнь 22, 2009 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд