ФЕСТИВАЛИ ЭҶОДИЁТИ МУСИҚӢ ВА ҲУНАРИИ НАВРАСОН «ОФТОБАК»

Июнь 1, 2009 10:03

                        Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Фарангис Рахимова). — 1 июн бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, дар Хуҷанд, Фестивали умумишаҳрии «Офтобак» баргузор мегардад.                         Чорабинии мазкур аз тарафи Мақомоти ҳокимияти давлатии иҷроия ва мактаби мусиқии №2 ш. Хуҷанд бо дастгирии молиявии Барномаи «Фарҳанг ва ҳунар»-и Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон гузаронида мешавад.                          Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон хабар доданд, мақсади асосии Фестивали «Офтобак» муаррифии гурӯҳҳои эҷодии кўдаконаи Хуҷанд: ансамблҳои фортепианӣ, ансамбли ксилофонистҳо, скрипканавозон, оркестри нафасӣ, хори кўдакон, гурўҳи рақсӣ ва бо ҳамин восита ҷалб намудани диққати аҳли ҷомеа ба тарбияи бадеии насли наврас мебошад.                          Фестивали «Офтобак» бо иштироки мактабҳои мусиқӣ бори нахуст гузаронида мешавад. Муаррифии гурӯҳҳои эҷодии кӯдаконаи тамоюли аврупоӣ дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон имконият медиҳад, ки на фақат анъанаҳои гумшударо барқарор намояд, балки аҳолиро бо анъанаҳои эҳёшудаистодаи аврупоии санъати мусиқӣ ва эҷодиёти бадеӣ шинос кунад. Ин иқдом ба тарбияи эстетикӣ ва ташаккули шахсияти кӯдакон мусоидат менамояд.                       Дар доираи фестивал инчунин бозиҳои варзишӣ, байтбарак, намоиши эҷодиёти кӯдакон, расмкашӣ дар рӯи мумфарш, намоишҳои театри лӯхтак гузаронида мешаванд

Июнь 1, 2009 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд