ГАНҶИНАИ ДАСТХАТҲОИ КИТОБХОНА ҒАНИТАР МЕГАРДАД

Июнь 11, 2009 16:36

                 Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Имрӯз, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ маросими шиносоӣ бо китобҳои нав ва нусхаҳои хаттие баргузор гардид, ки китобхона онхоро дар давоми як соли охир харидорӣ намудааст. Ба ҳозирон қариб 40 китоби дастхат ва чопи сангӣ пешниҳод карда шуд, ки қисми зиёди онҳо дар асрхои 17-18 китобат шудаанд. Китобҳои мазкур аҳамияти илмӣ ва таърихӣ дошта бо забони соддаю равони тоҷикӣ навишта шудаанд ва ҳамчун сарчашмаи нодири мероси ниёгон метавонанд хизмат кунанд.                Мудири шӯъбаи мероси хаттии китобхона Абдуллоҷон Юнусов зикр намуд, ки айни ҳол дар китобхонаи миллӣ зиёда аз 2 ҳазор китобҳои дасхат ва чопи сангӣ мавҷуд аст. Умуман дар ҷаҳон миқдори ин китобҳо 200 хазор нусхаро ташкил медиҳад.

Июнь 11, 2009 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд