ГУРҶИСТОН ДАР ИҶРОИ СОЗИШНОМАҲОИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ИДМ ИШТИРОК МЕНАМОЯД

Июнь 6, 2009 11:25

                   Маскав, 6 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Гурӯҳи коршиносони ИДМ дар шаҳри Минск масъалаи иштироки Гурҷистонро дар созишномаҳои байналхалқӣ ва қарорҳои мақомоти ИДМ муҳокима намуд. Гурҷистон баъди хориҷ гардиданаш аз ҳайати ИДМ изҳор намуд, ки дар иҷрои 76 созишномаи дар доираи Иттиҳод қабул гардида иштирок хоҳад кард. Коршиносон зикр менамоянд, ки барои ин ягон монеаи ҳуқуқӣ ва қонунӣ вуҷуд надорад.                    Вазорати корҳои хориҷии Гурҷистон 18 августи соли 2008 ба Кумитаи иҷроияи ИДМ ёддошт фиристода изҳор намуд, ки Гурҷистон аз ҳайати ИДМ хориҷ мегардад. Тибқи қоидаи қабулшуда ҳар мамлакат ҳақ дорад, ки аз ҳайати ИДМ хориҷ гардад. Барои ин 12 моҳ пеш хабар додан лозим аст. Вале мамлакати хориҷшаванда иштирокашро дар созишномаю қарорҳои қабулнамудаи ИДМ то пурра иҷро шудани онҳо давом медиҳад.  

Июнь 6, 2009 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд