ГУЗОРИШИ МУФАССАЛ АЗ ҶАРАЁНИ САФАРИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Июнь 10, 2009 09:27

                   Имрӯз, субҳи барвақт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар ноҳияи Хуросон, расондани кӯмакҳо ба аҳолии зарардида ва ҳамчунин баҳри ошноии наздик пайдо намудан бо вазъи хоҷагии халқ дар вилояти Хатлон ба як қатор шаҳру ноҳияҳои ин вилоят сафар кард.                   Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон субҳи барвақт аз маҳаллаи Уялии ноҳияи Хуросон, ки сокинонаш аз боронҳои пайдарпай ва омадани селобу лойқа беш аз ҳамаи минтақаҳои дигари кишвар зарари моддӣ дидаанд, оғоз ёфт.                    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти бартарафсозии оқибатҳои боронҳои сел дар ин мавзеъ шинос шуда, бо аҳолии зарардида аз наздик сӯҳбат намуд.                    Чунонки маълум шуд, қарзҳои имтиёзнок ва кӯмакпулиҳои Ҳукумати мамлакат саривақт ба мардум дастрас мегарданд. Кӯмакҳои дигар аз ҳисоби вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор, шаҳру ноҳияҳои зиёди мамлакат ва кишварҳои хориҷию созмонҳои байналмилалӣ расонда мешаванд.                     Барои сохтмони хонаҳои нав ба онҳое, ки манзилҳояшон пурра ё қисман зарар дида ғайри қобили барқарорсозӣ шудаанд, дар ҷойҳои бехавф қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардидааст. Оилаҳои аз хонаҳои худ маҳрумшуда бо ҷойҳои муваққатии зист, масолеҳи зарурии сохтмонӣ ва қувваи ёридиҳандаи корӣ таъмин гаштаанд. Танҳо аз ҳисоби Ҳукумати мамлакат ба онҳо 1800 тонна семент ҷудо гардидааст. Шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 70 хонаи истиқоматӣ ва вилояти Суғд 12, вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ 49 хона сохта, тӯҳфа мекунанд. Оилаҳое, ки хонаҳояшон қисман зарар дидаанд, бо масолеҳи сохтмонии ройгон ва дигар кӯмакҳо таъмин карда мешаванд.                      Чунонки ба мушоҳида расид, сохтмони хонаҳои нав ба тариқи ҳашар бо суръати баланд идома дорад.                     Иттилоъ дода шуд, ки тибқи супориши Сарвари давлат қисмати зиёди кӯдакони оилаҳои зарардида дар лагерҳои тобистона ва мавзеъҳои дигари фароғатӣ ҷойгир шудаанд.                     Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вилояти Хатлон ва сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявию вилоятӣ баҳри тезондани корҳои сохтмонӣ, муҳайё намудани шароити зарурӣ дар маҳалҳои зисти муваққатӣ, таъмини сокинон бо хизматрасонии тиббӣ, оби нӯшокӣ ва ҳамчунин баҳри сохтмони мактаб, бунгоҳи тиббӣ, роҳҳо ва дигар инфрасохтори зарурӣ дар маҳалҳои нави истиқоматӣ дастуру ҳидоятҳо дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки тамоми оилаҳои бехонамонда то моҳи октябри соли равон бояд ба хонаҳои нави худ ворид шаванд.                       Мутобиқи супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 132 оила пурра бо хонаҳои нав ва ашёи рӯзгор ба таври ройгон, 310 оила бо масолеҳи сохтмонӣ ва ба 58 оилаи дигар бо қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва дигар кӯмакҳо таъмин карда мешаванд.Дар маҷмӯъ кӯмакҳои зарурӣ ба 500 оила расонида мешаванд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки сохтмони мактаб, бунгоҳи тиббӣ ва хатҳои обу барқ низ зудтар оғоз карда шавад.                        Аз ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагиҳои сабзавоткории деҳаи Ғайрати ҷамоати деҳоти «Заргар»- и ноҳияи Бохтар ташриф оварда, бо таҷрибаи пешқадам ва натиҷаҳои ибратбахши деҳқонони онҳо аз наздик шинос шуд.Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки майдони умумии сабзавот дар ин ҷо 6150 гектарро ташкил медиҳад ва 4476 гектараш заминҳои обӣ мебошанд.                     Дар 196 гектар сабзавоти барвақтӣ дар аввал зери плёнка кишт шуда будааст, ҳоло бошад, майдонҳои помидору бодиринг зери соябон гирифта шудаанд, то офтоби сӯзони тобистон эмин бошанд.                     Чунонки аз сӯҳбат бо деҳқонон маълум шуд, дар деҳоти ҷамоат то 1 июни соли 2009 841 тонна помидор, 1271 тонна бодиринг, 26 тонна гулкарам, 38 тонна карам, ҳамагӣ 2176 тонна сабзавот истеҳсол шудааст.                     Аз ҷумла деҳқонони деҳаи «Ғайрат» 319 тонна помидор, 461 тонна бодиринг, 8 тонна гулкарам, 11 тонна карам, ҷамъ 799 тонна сабзавот истеҳсол кардаанд.                     Дар деҳаи номбурда 44 оила дар масоҳати 11 гектар 176 адад гармхона бунёд кардаанд. Аз ин гармхонаҳо то 1 -уми июни соли равон 152 тонна сабзавот, аз ҷумла 102 тонна помидор ва 50 тонна бодиринг ба фурӯш бароварда шудааст. Ғайр аз ин, аз ҳисоби аҳолӣ 403 тонна бодиринг, 139 тонна помидор, 7,5 тонна гулкарам ва 7,5 тонна карам ба бозор пешниҳод шудааст.                     Сокинони ин деҳа ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 20 тонна сабзавот ба фурӯш мебароранд.                     Бо сабзавоткорӣ дар ҷамоати деҳоти «Заргар» барои 451 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё гаштааст. Аз ҷумла дар деҳаи «Ғайрат» 220 нафари аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта бо ҷойи кор таъмин гаштаанд.                     Охири соли 2008 ва соли 2009 ба аҳолӣ барои сабзавоткорӣ 196 гектар қитъаи замин ҷудо карда дода шудааст.                     Дар бригадаи рақами 20-и хоҷагии ба номи С. Ҷумаеви ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо дуои неки пирони рӯзгордида мавсими нави гандумдаравӣ оғоз гардид.                      Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рафти дарави ғалларо, ки ҳосили фаровон дошт, аз назар гузаронда, ба деҳқонон ва масъулини ноҳия маслиҳат дод, ки бо истифода аз фаровонҳосилии имсола барои ду соли оянда маводи ғизоӣ ва ҳам хӯроки чорво захира намоянд.                       Дар ин замини ғалла, ки ба бригадаи № 20 ин хоҷагӣ тааллуқ дорад, навъи атоии гандум кишт шудааст ва деҳқонон умед доранд, аз ҳар гектари он то 45 сентнерӣ ҳосил ба даст оранд.                       Дар ҷараёни шиносоӣ зикр гардид, ки аъзои ин хоҷагӣ дар 1650 гектар замин пахта, 425 гектар- ғалла, 60 гектар — сабзавот, 16 гектар — полезӣ, 5 гектар — картошка, 310 гектар — хӯроки чорво кишт кардаанд.                      Зимни шиносоӣ бо боғи шафтолу зикр гардид, ки масоҳати он 19 гектарро ташкил дода, дар он 13 навъи беҳтарини ин меваи хушлаззат, аз ҷумла, Саидаҳмадӣ, Қаҳҳорӣ, Лола, Рахш, Алберт ва Анҷиршафтолу парвариш меёбанд.                       Соли 2008 ин боғ 180 тонна маҳсулот дода будааст. Имсол бошад, то 1 июн аз ин ҷо 30 тонна шафтолу ба фурӯш бароварда шудааст.                       Ҳосилнокии интизории шафтолу дар деҳаи «Правда» 200 тонна мебошад.Сокинони деҳа ба Федератсияи Русия даҳо тонна меваю сабзавот содир карда истоданд.Дар деҳаи Правдаи ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону деҳконони он сӯҳбат намуда, онҳоро ба истифодаи пурсамар аз ҳар ваҷаб замини корам, вусъат додани кишти такрорӣ, рӯёндани ду ва ё зиёда ҳосил аз заминҳои обӣ ва ҳамчунин ба танзими расму оинҳои мардумӣ ҳидоят кард.                      Дар шаҳраки ба номи Исоеви ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як маркази хизматрасонӣ бо номи Баҳор ба истифода супурда шуд.Бинои 3 ошёнаи Маркази савдо ва хизматрасонии мазкур дар ноҳия аз тарафи соҳибкор Саймуҳриддин Саидов тибқи талаботҳои меъёрҳои сохтмону меъмории ҳозиразамон бунёд ёфтааст.                       Дар маркази мазкур дар баробари савдои маҳсулоти гуногун, ҳамчунин фаъолияти сехҳои дӯзандагӣ, дӯконҳои сартарошӣ, заргарӣ, ошхонаи миллӣ ва ғайраҳо пешбинӣ шудааст.                      Дар ин марказ дар навбати аввал 1000 нафар бо кор таъмин гардиданд, ки 100 нафарашон муҳоҷирони меҳнатии аз Федератсияи Русия бозгашта мебошанд. Дар оянда дар ҳамин марказ боз 1000 нафари дигар ба кор ҷалб карда мешаванд.                      Дар ҳамин шаҳрак бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як маркази варзиш ва беҳдошти саломатӣ ва як корхонаи коркарди пахта ба истифода супурда шуд.                      Толори маркази варзиш ва беҳдошти саломатӣ аз ҷониби соҳибкор Ҳошим Холов бо харҷи 80 ҳазор доллари амрикоӣ сохта ва таҷҳизонида шудааст. Толор аз ду ошёна иборат буда, дорои 5 утоқи варзишӣ, 3 ҳуҷраи истироҳатӣ, ҷои биллиардбозӣ, сауна ва массаж аст ва дар як вақт метавонад ба 40 нафар хоҳишмандон хизмат расонад. Дар маркази мазкур 15 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидаанд.                      Корхонаи коркарди пахтаи шаҳраки ба номи Исоеви ноҳияи Румӣ бошад аз тарафи Ҷамъияти масуълияташ маҳдуди «Успех», ки роҳбараш Раҳмиддин Боронов аст, бо маблағи зиёда аз 700 ҳазор доллари амрикоӣ сохта ва бо таҷҳизоти ҳозиразамони истеҳсоли Туркия муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Корхона дар як сол метавонад то 20 ҳазор тонна пахтаро коркард намояд. Дар корхонаи мазкур 160 нафар бо ҷои кор таъмин гардидааст.                      Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар ҳамин ҷо ҳамчунин бо иқтидори солонаи 3 ҳазор тонна сехҳои ресандагиву бофандагӣ ҳам бунёд карда шаванд.Нимаи дуюми рӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қурғонтеппа дар маросими ба истифода супурдани як корхонаи собунпазӣ иштирок намуд.                        Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкор Аловуддин Салоҳиддинов ба маблағи зиёда аз 550 ҳазор доллари амрикоӣ бунёд ёфта, бо таҷҳизот ва дастгоҳҳои замонавии истеҳсоли Русия муҷаҳҳаз гардонида шудааст.                        Иқтидори истеҳсолии корхона 4000 тонна собун дар як сол аст. Дар корхона дар 3 баст 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштаанд.                       Дар ноҳияи Бохтар Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии боғутокпарварӣ ва сабзавоткории Муслим, Қосим ва Азиз аз наздик шинос шуд.                     Хоҷагии деҳқонии «Муслим», ки роҳбараш Нурулло Ҳукумов аст, дар масоҳати 29,5 гектар замин боғутокпарварӣ ва кишти сабзавоту полезӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла боғ-3,14 гектар, гармхона- 0,96 гектар (13 адад), токзор -10,2 гектар , гандум -9 гектар, полезӣ -2,9 гектар, картошка-4 гектар.                      Дар хоҷагӣ то 1 июни соли равон 10 тонна бодиринг, 13 тонна помидор ва 6,5 тонна гулкарам истеҳсол шудааст.                      Аъзои хоҷагии деҳқонии «Қосим», ки роҳбараш Абдулқосим Қосимов аст, дар 68 садяк замин токзори намунавӣ бунёд намуда, дар 20 садяки дигар гандум ва полезӣ кишт намудаанд.                     Дар хоҷагии деҳқонии «Азиз» — роҳбараш Асадулло Сатторов дар масоҳати 2,3 гектар токзор, дар 0,6 гектар полезиҳо ва дар байни токзор каду, картошка ва дигар зироатҳо кишт намудаанд.                     Дар шаҳри Сарбанд бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи орд ва як мактаби нави таҳсилоти умумӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.                    Корхонаи истеҳсоли орди шаҳри Сарбанд аз тарафи Ҷамъияти масуълияташ маҳдуди «Нури Дилшод» роҳбараш Иноят Саидов бо харҷи зиёда аз 600 ҳазор доллари амрикоӣ сохта ва бо таҷҳизоти ҳозиразамони истеҳсоли Туркия муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Иқтидори истеҳсолии корхона 30 ҳазор тонна орд дар як сол мебошад. Дар корхонаи мазкур барои зиёда аз 90 нафар ҷойи кор пешбинӣ шудааст. Айни ҳол дар ин ҷо 48 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъминанд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари корхона дастур дод, ки дар ҳамин ҷо то 9 сентябри соли 2010 боз яктогӣ сехҳои истеҳсоли макарон, равғанкашӣ ва бастабандии обҳои нӯшокӣ бунёд намуда, барои 150 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё созад.                     Мактаби нави таҳсилоти умумии № 13 шаҳри Сарбанд, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истифода супурда шуд, бо харҷи зиёда аз 1 миллион сомонӣ бунёд ёфта, барои 200 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Шумораи синфхонаҳо 8 адад буда, як тоаш бо компютерҳо муҷаҳҳаз гаштааст. Масоҳати бинои таълимӣ 818 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Синфхонаҳо бо мизу курсӣ, дигар анвои мебел ва ашёи зарурии таълимӣ таҷҳизонида шудаанд.                      Илова бар бинои таълимӣ мактаб дорои буғхона барои шабакаи мустақили гармидиҳӣ, анбори хоҷагӣ ва иншооти дигар мебошад.                    Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар заминаи ҳамин мактаб як литсей ё гимназияи муосир бунёд карда шавад.                      Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июнь 10, 2009 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ модули «Декларатсияи мусофирон» фаъол карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво аз 32 то 42 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб оид ба истифодаи самараноки неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Қариб 90 ҳазор ронандагон маблағи истифодаи роҳи Душанбе-Чанокро ғайринақдӣ пардохт менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо сарбозони Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Хонандагони ноҳияи Ҳамадонӣ барои гирифтани Стипендияи Раиси вилояти Хатлон омодагӣ мебинанд
Сарнишин аз Тоҷикистон дар фестивали байналмилалии парапланронӣ бо парчами давлатӣ парвоз анҷом дод
Дар қисматҳои баландкӯҳи ноҳияи Рашт кишти картошка идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Наваскарони қисми низомӣ дар ноҳияи Лахш савганди садоқат ба Ватан ёд намуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад