Бо сарбозони Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрӣ баргузор гардид

Май 13, 2025 20:00

ДУШАНБЕ, 13.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 12 май муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  қисми ҳарбии Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ бо сарбозону афсарон вохӯрӣ намуда, бо шароити хизматбарии онҳо шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иброз гардид, ки бо ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо барои сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити хуби моддию маънавӣ фароҳам оварда шудааст. Ин ба хизмати ватандӯстона ва садоқатмандонаи онҳо мусоидат менамояд.

«Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварии комил дар ҳар суханронӣ иброз менамоянд, ки ҷавонон зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дошта, сол то сол мақоми онҳо дар ҷомеа баланд мегардад»,-гуфта шуд зимни вохӯрӣ.

Имрӯз ҷавонон бояд аз фурсати муносиб истифода намуда, дар пайравӣ ба сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон хизмат намоянд.

Мо ҷавобан ба ин ғамхориҳо вазифадор ҳастем, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ дар пойдории сулҳу субот саҳм гузорем. Зеро Артиши миллӣ мактаби мардонагию матонат, шарафу номус ва ҷасорат буда, хизмат дар он қарзи шаҳрвандии ҳар сокини мамлакат мебошад.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 13, 2025 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд