ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБИИ ГУРҶИСТОН БА АФҒОНИСТОН ФИРИСТОДА МЕШАВАНД
Тифлис, 23 июн. (АМИТ «Ховар»Лента. Ru).- 500 нафар хизматчии ҳарбии Гурҷистон аввали соли 2010 барои беҳтар сохтани фаъолияти ҷузъу томҳои эътилофии Амрико ва НАТО ба Афғонистон фиристода хоҳад шуд. Хизматчиёни ҳарбии Гурҷистон дар Афғонистон бо қисмҳои ҳарбии НАТО ҳамроҳ мешаванд. На Гурҷистон ва на НАТО ин иқдоми маъмурияти Гурҷистонро шарҳ надодаанд. Хабар дар бораи нақшаҳои роҳбарияти Гурҷистон роҷеъ ба фиристодани хизматчиёни ҳарбӣ ба Афғонистон баъди пахши хабари Қасри сафед дар бораи сафари ноиби президенти ИМА Ҷ. Байден ба Тифлис дар воситаҳои ахбори оммавӣ нашр гардид. Ҷ. Байден бояд 20 июли соли равон ба Тифлис ташриф орад. Ноиби президенти ИМА баъди анҷоми сафараш ба Гурҷистон 24 июл ба Украина хоҳад рафт. Ҳам Тифлис ва ҳам Киев борҳо изҳор намуданд, ки ба НАТО шомил гаштан мехоҳанд, вале гуфта мешавад, ки ин мамлакатҳо барои қабул ба узвияти Созмони Атлантикаи шимолӣ ҳанӯз тайёр нестанд. Айни ҳол дар Афғонистон бештар аз 90 ҳазор аскару афсари хориҷӣ ҷой дода шудааст. Қисмати бештари онҳоро низомиёни амрикоӣ ташкил медиҳанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






