ИНЪИКОСИ МАСОИЛИ ВАҲДАТУ ЯГОНАГӢ ДАР АФКОРИ ИМОМИ АЪЗАМ
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрўз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам конфронси илмӣ дар мавзўи «Аҳамияти осори Имоми Аъзам дар худшиносии миллӣ»-ро дар Китобхонаи миллӣ доир мекунад. Дар кори конфронс меҳмонон ва намояндагони сохторҳои зикргардида иштирок намуда, дар мавзўҳои «Аҳамияти эълом доштани соли бузургдошти Имоми Аъзам дар тақвияти худшиносии миллӣ», «Аҳамияти ақидаҳои Имоми Аъзам дар раванди гуфтугўи тамаддунҳо», «Инъикоси масоили ваҳдату ягонагӣ дар афкори Имоми Аъзам» ва «Аҳамияти мероси Имоми Аъзам дар тарбияи маънавии ҷавонон» баромад хоҳанд кард. Бояд ёдрас шуд, ки Раёсати Китобхоани миллии ба номи А. Фирдавсӣ чунин конфронсҳоро пештар низ бо иштироки олимону профессорон, донишҷўёну намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ баргузор карда буд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






