ИНТИҚОЛИ ГАЗИ ЎЗБЕКИСТОН БА ТОҶИКИСТОН БОЗ КАМ КАРДА ШУД

Июнь 17, 2009 11:01

                  Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Муовини аввали раиси Ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷиктрансгаз» Шавкат Шоимов ба мухбри АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар натиҷаи гуфтушуниди намояндагони роҳбарияти ҷамъиятҳои саҳҳомии «Тоҷиктрансгаз» ва «Ўзтрансгаз» гази табиӣ аз Ўзбекистон ба Тоҷикистон интиқол дода шавад ҳам, ҳаҷми интиқоли он тақрибан 2 баробар кам карда шуд. Қабл аз ин аз Ўзбекситон ба Тоҷикистон дар ҳар соат 12 ҳазор метри мукааб газ интиқол дода мешуд, вале имрӯз ҳаҷми интиқоли он дар як соат 6 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. Ин барои ҷумҳурии мо комилан кифоя нест, гуфт Ш. Шоимов.                  Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки роҳбарияти «Ўзтрансгаз» як рӯз пеш ба ҷониби Тоҷикистон пардохтани қарзи гази истифодашударо хотиррасон намуда, огоҳ карда буд, ки агар маблағи қарз пардохта нашавад, интиқоли газро тамоман қатъ хоҳад кард.                  Ш. Шоимов изҳор намуд, ки ҷамъиятҳои саҳҳомии «Барқи Тоҷик», «Тоҷиксемент» ва «Сомонсуғдгаз» аз ҳисоби гази табиии истифодабурдаашон маблағи калон қарздоранд. Агар онҳо қарзи худро пардозанд, Ўзбекистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми пештара газ медиҳад.                  Тибқи қарордоди имзошуда, Ўзбекистон бояд ба Тоҷикистон дар давоми соли 2009-ум қариб 550 миллион метри мукааб гази табиӣ диҳад. Бояд гуфт, ки Ўзбекистон 1000 метри мукааб гази худро ба Тоҷикистон ба ивази 240 доллари ИМА мефурӯшад.                                                                                                                 Тарҷумон Қудратов А.  

Июнь 17, 2009 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд