ИШТИРОКИ ЭМОМАЛӢ РАХМОН ДАР ЧАЛАСАИ СААД

Июнь 15, 2009 09:01

                  Рӯзи 14 — уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маскав дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуд.                  Дар ҷаласа масоили вобаста ба ҳамкорӣ дар доираи ин созмон баррасӣ шуд.Масоили вобаста ба таъсис додани Нерӯҳои муштараки зудамал ва омода намудани заминаи ҳуқуқии фаъолияти онҳо аз мавзӯъҳои асосии ҳамоиши сарони давлатҳо буд.                  Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташкил ёфтани чунин нерӯҳоро аз қадамҳои муҳими кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар роҳи муқовимат ба хатарҳои терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир арзёбӣ намуд ва ҳамзамон таъкид бар он дошт, ки бояд дар доираи ин созмон бештар санадҳое қабул шаванд, ки ба ҳамкории мушаххаси мақомоти дахлдори миллию байнидавлатӣ мусоидати фаъол намоянд.                  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рушди ҳамкории Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ оид ба муътадилгардонии вазъият дар Афғонистон пуштибонӣ намуд.                   Бегоҳии рӯзи 14 -уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аз шаҳри Маскав ба шаҳри Екатеринбурги Федратсияи Русия сафар кард.                  Субҳи имрӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия Губернатори вилояти Свердловск Эдуард Росселро ба ҳузур пазируфт.Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистон бо ин минтақаи муҳими Федератсияи Русия ва ба низом даровардани муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ шуд.                  Аз амали як созишнома миёни Тоҷикистону вилояти Свердловск оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ, Нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи ин созишнома ва фаъолияти босамари Гурӯҳи муштараки ҳамоҳангсози ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуд.                   Кори пурсамари корхонаи муштараки «Ширкати саноатию молиявии «УралПромСервис», ки асосан ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, аз ҷумла ташкили намоишгоҳҳо ва фурӯши масолеҳ ва техникаю таҷҳизоти роҳсозӣ машғул аст, натиҷаи татбиқи ҳамин гуна санадҳо арзёбӣ гардид.                  Аз иштироки корхонаҳои саноатии ин минтақа дар сохтмони нерӯгоҳҳои Сангтӯда-1 ва Роғун низ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.                   Бо назардошти имконоти фарохи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону минтақаи Урали Федератсияи Русия изҳори боварӣ карда шуд, ки корхонаҳои муштараки зиёд оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва истихроҷу коркарди захираҳои табиӣ дар Тоҷикистон минбаъд бештар бунёд хоҳанд ёфт.                    Соҳаи туризм, аз ҷумла туризми экологӣ низ аз самтҳои ояндадори ҳамкории минбаъда арзёбӣ гардид.                    Эдуард Россел ҳам ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, тавассути истифодаи имконоти саноатии вилояти Свердловск дар Тоҷикистон ҳам ба ҷалби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба минтақаи Урал изҳори ҳавасмандӣ намуд.                    Мусоҳибон омодагии худро баҳри ба низом даровардани муҳоҷирати меҳнатӣ ва ба роҳ мондани касбомӯзӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо барои кор дар ин минтақа таъкид намуданд.                   Ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Екатеринбурги Федратсияи Русия ба кори худ пагоҳ шурӯъ мекунад, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ хоҳад кард.

Июнь 15, 2009 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид