ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТИ ХАТЛОН ЗИЁД ШУД

Июнь 2, 2009 09:54

                          Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ дар корхонаҳои саноатии шаҳру навоҳии ин вилоят 405,5 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,3 млн. сомонӣ зиёд аст.                           Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 22 шаҳру ноҳияи вилоят аз 222 корхонаи дар ҳудуди вилоят буда, дар 132 -тояш таъмин карда шудааст.                         Дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ дар вилоят 6 корхонаи нав ба фаъолият оғоз кард.                             Боиси тазаккур аст, ки соли 2008 дар 15 корхонаи ба истифода додашуда беш аз 800 ҷойи корӣ омода карда шуд.                         Дар соли 2008 ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят ба 1 миллиарду 91 млн. сомонӣ баробар шуд. Дар назар аст, ки бо истифода додани корхонаҳои нави саноатӣ, истеҳсоли маҳсулот дар соли ҷорӣ як баробар зиёд хоҳад шуд.

Июнь 2, 2009 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд