ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Июнь 23, 2009 14:27

                    Ноҳияи Ҷаббор Расулов, 23 июн. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).-Имрӯз сокинони кулли шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо руҳияи шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат дар фазои шукӯҳу фараҳмандӣ 12 солагии имзои созишномаи умумии истикрори сулҳ ва ризоияти миллӣ-иди Вахдати миллиро истиқбол мегиранд.                    Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов баҳри истиқбол ва таҷлили 12-солагии ин санаи фархунда силсилаи чорабиниҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, оммавию сиёсӣ ва фарҳангиро таҳрезӣ ва амалӣ менамояд.                    Ба истиқболи ҷашн дар ноҳия 12 иншооти таъиноти гуногун бунёд гардидаанд, ки корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ, мактабу муссисаҳои тиббӣ, ободонии шаҳраку деҳоти ноҳия аз ҷумлаи онҳост.                    Дар ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз сохтмони бинои мактаби нав анҷом меёбад, ки дар рӯзи иди Ваҳдати миллӣ чун меваи ин неъмати бебаҳо ба истифода дода мешавад.                    Дар рӯзи ид дар деҳа бо кӯшиши соҳибкорон коргоҳи нави истеҳсолоти зарфҳои сохти тетрапак ва оби ташнагишикан мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.                    Барои қабули меҳмонону иштирокчиёни ҷашни 12-солагии иди Вахдати миллӣ дар хиёбони асосӣ, варзишгоҳ, фароғатгоҳ ва чойхонаи миллӣ корҳои омодагӣ анҷом меёбад, ки ширкати сокинони деҳоти ноҳия ба тариқи саҳмгузорӣ ва ҳашар қобили қайд аст.  

Июнь 23, 2009 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид