ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Ноҳияи Ҷаббор Расулов, 23 июн. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).-Имрӯз сокинони кулли шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо руҳияи шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат дар фазои шукӯҳу фараҳмандӣ 12 солагии имзои созишномаи умумии истикрори сулҳ ва ризоияти миллӣ-иди Вахдати миллиро истиқбол мегиранд. Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов баҳри истиқбол ва таҷлили 12-солагии ин санаи фархунда силсилаи чорабиниҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, оммавию сиёсӣ ва фарҳангиро таҳрезӣ ва амалӣ менамояд. Ба истиқболи ҷашн дар ноҳия 12 иншооти таъиноти гуногун бунёд гардидаанд, ки корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ, мактабу муссисаҳои тиббӣ, ободонии шаҳраку деҳоти ноҳия аз ҷумлаи онҳост. Дар ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз сохтмони бинои мактаби нав анҷом меёбад, ки дар рӯзи иди Ваҳдати миллӣ чун меваи ин неъмати бебаҳо ба истифода дода мешавад. Дар рӯзи ид дар деҳа бо кӯшиши соҳибкорон коргоҳи нави истеҳсолоти зарфҳои сохти тетрапак ва оби ташнагишикан мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Барои қабули меҳмонону иштирокчиёни ҷашни 12-солагии иди Вахдати миллӣ дар хиёбони асосӣ, варзишгоҳ, фароғатгоҳ ва чойхонаи миллӣ корҳои омодагӣ анҷом меёбад, ки ширкати сокинони деҳоти ноҳия ба тариқи саҳмгузорӣ ва ҳашар қобили қайд аст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






