ИЗҲОРОТИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ВКД-И ҶТ

Июнь 18, 2009 09:38

              Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- 17 июн, тахминан соти 20:00, дар хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Сино, хонаи рақами 8-и шаҳри Душанбе собиқ вазири корҳои дохилии кишвар Маҳмадназар Солиҳов, бо таппончаи тамғаи Макаров даст ба худкуши зад.               Қобили зикр аст, ки таи чанд моҳи охир М. Солиҳов барои додани нишондод вобаста ба фаъолияти худ дар вазифаи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвандаи ҷиноии куштори командири отряди таъиноти махсуси ВКД-и ҷумҳурӣ Олег Захарченко, сӯистифода аз мансаби хизматӣ, баромадан аз ҳадди ваколати хизматӣ, пинҳон намудани ҷиноятҳое, ки аз ҷониби кормандони алоҳидаи милиса содир шудаанд, ба таври расмӣ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд маротиба даъват карда шуда буд. Аммо М. Солиҳов ҳамаи ин даъватҳои тафтишотро рад намуда бе сабаб ҳозир нашуд.               Бинобар ин Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дар бораи маҷбуран ҳозир намудани Маҳмадназар Солиҳов қабул кард, вале ӯ боз ҳам ба ҳузури тафтишот наомад.               17 июн нисбати Маҳмадназар Солиҳов, ки мансаби давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ишғол карда, дар давраи фаъолияти корӣ ҷинояти муқобили манфиатҳои хизмати давлатиро содир кард, бинобар мавҷудияти далелҳои кофӣ, қарор дар бораи чораи пешгирӣ намудан, дар шакли ҳабси пешакӣ қабул карда шуд. Ҳангоми татбиқи ин қарор Маҳмадназар Солиҳов даст ба худкушӣ мезанад.                Дар ин бора аз маркази матбуоти ВКД-и ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Июнь 18, 2009 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд