КӮМАКИ РОССИЯ ДАР ДОИРАИ БАРНОМАИ ОЗУҚАИ СММ

Июнь 15, 2009 11:25

                 Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли ҷорӣ бори дуюм аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон ёрии башардӯстона расонида шуд.                 Бино ба гуфти сафири фавқулодда ва мухтори Россия дар Тоҷикистон Юрий Попов, Россия ҷузъ ду ёрии башардӯстона, ки яке моҳи март ва дуюмӣ рузи 11 -уми июни соли ҷорӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии 166,5 тонна борҳои гуногун расонида шудааст, инчунин дар доираи ёрии ташкилотҳои байналмилалии кӯмакрасон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 9,5 ҳазор тонна орд (122 қатора) ба ҳисоби аъзоҳақии фонди Барномаи озуқаи СММ кӯмак намуд.                  — Мо ҳамеша бо мардуми Тоҷикистон дӯсту бародар будем, ҳастем ва мемонем. Ҳукумати Россия пайваста халқи бародари тоҷикро кӯмаку дастгирӣ хоҳад кард,- афзуд ҳангоми қабул ва супоридани кӯмакҳои башардӯстона дипламати рус Юрий Попов ва илова намуд, ки Россия дар асоси даъвати Ҳукумати Тоҷикистон фавран ба кӯмак шитофт ва ба зарардидагони офати табиӣ дар ду навбат ба Тоҷикистон ба маблағи 51 млн. рубл кӯмаки башардӯстона расонид.

Июнь 15, 2009 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд