КИШОВАРЗОН КАЙ ИДИ ХУДРО ТАҶЛИЛ МЕНАМОЯНД?
Душанбе, 10 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Минбаъд ҳар сол 8 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи кишоварзон таҷлил мегардад. Ин сана тибқи ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар ҷумҳурӣ, ки 10 июн дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи 5-уми Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардид, муайян шуд. Зимни баррасии масъалаи мазкур узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон Зулфия Узоқова гуфт, ки мақсади ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни мазкур ин дигар гардидани сохтори Вазорати кишоварзӣ аст. Зеро қаблан корхонаҳои саноатии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тобеи Вазорати кишоварзӣ буданд ва аз соли 2008 онҳо тобеи Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ гардиданд. Ҳамзамон, Зулфия Узоқова афзуд, ки маъракаи ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ асосан дар моҳи октябр сурат мегирад. Аз ин рӯ таҷлил намудани иди кишоварзон дар ин давра мувофиқи мақсад аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






