КОНСЕРТИ ҲИСОБОТИИ МАҚОМХОНОНИ ҶАВОН
Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).- 15 июн дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ консерти ҳисоботии мусиқии классикии Мақом баргузор мегардад. Барномаи консерт аз асарҳои мусиқии классикии «Шашмақом» иборат буда, 18 сурудро дар бар мегирад. Дар консерт асосан аспирантҳои Академияи Мақом ва хатмкунандагони мактаби «Шашмақом» ширкат хоҳанд варзид. Ба онҳо баъди консерт дар бораи хатми Академия ва мактаб сертификат дода хоҳад шуд. Шогирдони академия ва мактаби Мақом дар давоми 4 сол асосҳои мақомхонӣ, вазни арӯз, усулҳои навохтани асбобҳои мусиқӣ, аз ҷумла доира ва танбӯрро омӯхтанд. Ин як навъ ҳисоботи эҷодии шогирдони Академия ва мактаби мақомхонон мебошад. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки дастпарварони Академияи Мақом соли 2006 барои ҳунари волои худ ҷоизаи санъати «Греми»-ро соҳиб гардида буданд. Онҳо ҳамон вақт дар давоми 74 дақиқа бе танаффус бештар аз 25 оҳанги мақом ва ғазалро суруданд. Тарҷумон Қудратов А.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






