КОРМАНДИ ЗИДДИ ФАСОД ЗИНДОНӢ ШУД
Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Суди ноҳияи Ёвон ҳафтаи сипаришуда корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, полковники адлия Мавлоназар Шерназаровро 5 сол аз озодӣ маҳрум сохта, ҳамчунин ӯро аз рутбаи полковники адлия маҳрум намуд. Боиси ёдоварист, ки Мавлоназар Шерназаров охири соли гузашта барои роҳ додан ба сохтакорӣ дар парвандаи ҷиноӣ нисбати муовини комиссари ҳарбии ноҳияи Хуросон аз ҷониби кормандони прокуратураи ҷумҳурӣ ба ҳабс гирифта шуда буд. М. Шерназаров барои васеъ кардани нишондодҳо дар парвандаи ҷиноӣ, нисбат ба муовини комиссари ҳарбӣ дар асоси сохтакорӣ ба парвандаи ӯ 100 доллари амрикоиро ҳамчун далели гирифтани пора илова карда буд, ки дар натиҷаи бурдани корҳои оперативӣ аз тарафи кормандони прокуратураи чумҳурӣ исботи худро пайдо карда, барои баррасӣ ба суд пешниҳод шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






