КОРМАНДОНИ АМИТ «ХОВАР» АТТЕСТАТСИЯ МЕГУЗАРАНД

Июнь 4, 2009 17:06

                   Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз, 4 июн ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовараи Агентӣ, муовини аввали директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Абдурашид Хӯҷамқулов ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиҷон Шоназаров иштирок намуданд.                    Директори АМИТ «Ховар» Садриддин Шамсиддинов оид ба фаъолияти Агентӣ дар 5 моҳи аввали соли ҷорӣ маълумот дода, қайд кард, ки Агентии иттилоотии «Ховар дар ин давра қариб 7 ҳазору 500 хабар, зиёда аз 1 ҳазору 326 мақолаву гузориш, шарҳу мусоҳиба интишор намуда, зиёда аз 5 ҳазору 700 маводро ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ тарҷума кардааст. Инчунин, таъқид гардид, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳо ва нуқтаҳои муҳими Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, омодагӣ ба ҷашнҳои 65-солагии Иди Ғалаба бар фашизм, 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳои муҳими сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалидошта мунтазам мавод нашр мекунад, ки аз онҳо доираи васеи ВАО-и дохилӣ ва хориҷӣ, ҳамзамон шахсиятҳои алоҳида истифода мебаранд. «Бояд иқрор шуд, ки дар баробари пешравиҳои назаррас дар фаъолияти Агентӣ камбудиҳо низ мавҷуданд, ки барои бартараф намудани онҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, чанд нафар мутахассисоне, ки ба талаботи меъёрҳои касбии фаъолият дар Агентӣ сазовор набуданд, аз кор озод карда шуданд», — тазаккур дод директори АМИТ «Ховар».                      Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат Алиҷон Шоназаров фаъолияти АМИТ «Ховар»-ро қаноатманд арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки саҳми Агентӣ дар фазои иттилоотии ҷумҳурӣ назаррас мебошад, зеро ҳамарӯза ВАО-и давлатӣ, бахусус телевизион ва радио аз маводҳои он истифода мебаранд.                      «Ҳаминро махсус таъқид мекунам, ки фаъолияти Агентӣ аз ҷиҳати пахши шумораи ахбор вусъат ёфта бошад ҳам, баъзан ба фаврияти пахши иттилоот кам эътибор дода мешавад ва фикр мекунам, ки то охири ин сол оҷилият низ дар АМИТ «Ховар» таъмин мегардад», — идома дод Алиҷон Шоназаров.                    Дар фарҷом аз ҷониби ҳайати мушовараи АМИТ «Ховар» пешниҳод гардид, ки ҷиҳати пурмӯҳтаво ва самаранок гардонидани фаъолият дар ин мақомоти иттилоотии ҷумҳурӣ дар давоми шашмоҳаи дуюми соли 2009 аттестатсияи кормандони АМИТ «Ховар» гузаронида шавад.

Июнь 4, 2009 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои кормандони озмоишгоҳҳои Тоҷикистон оид ба ташхиси барвақтии зукоми паранда даври омӯзишӣ гузаронида шуд
Тоҷикистон дар бандари «Чобаҳор»-и Эрон маркази логистикӣ таъсис медиҳад
Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант Олимпиадаи V ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷамъбаст гардид
Чанган дар Тоҷикистон — оянда аллакай фаро расид!
Гармии баланди ҳаво ба саломатии инсон чӣ гуна таъсир мерасонад?
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ модули «Декларатсияи мусофирон» фаъол карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво аз 32 то 42 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб оид ба истифодаи самараноки неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Қариб 90 ҳазор ронандагон маблағи истифодаи роҳи Душанбе-Чанокро ғайринақдӣ пардохт менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо сарбозони Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрӣ баргузор гардид