КЎМАК БА СОКИНОНИ ХУРОСОН

Июнь 8, 2009 15:22

                   Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).-Раёсати кӯмакҳои башардӯстонаи Департаменти давлатии ИМА ба сокинони ноҳияи Хуросон кӯмаки таъҷилӣ расонд, ки бар асари боришоти шадиди фасли баҳори имсола зарари калони моддӣ дида буданд. Аз сафоратҳонаи ИМА дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар хабар доданд, ки ҳукумати ИМА ба сокинони 3 деҳаи ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросон ба маблағи 233 ҳазору 780 доллари ИМА кӯмаки хайрия расонд. Кӯмаки хайрияи аз 3 хайма, сад кати хоб, 160 халтабистар, 600 даста ҷиҳози хоб, 100 кӯрпаи пахтагин, 200 раскладушка, 500 кампал, 1000 дона кампали махсуси тиббӣ, 100 чироғи фонар, 100 сатил ,10 канистра барои нигоҳ доштани об ва 400 сачоқ иборат аст.  

Июнь 8, 2009 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд