КЎМАКИ БАШАРДЎСТОНАИ РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Ҳукумати Федератсияи Русия ба Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона мерасонад. Пагоҳ, 9 июн бо ҳавопаймои боркаши ИЛ-76-и Вазорати вазъияти фавқулъоддаи ин мамлакат ба Тоҷикистон миқдори зиёди орд ва маводи дигари озуқа фиристода хоҳад шуд. Дар ин бора корманди маъсули матбуот ва котиби дуюми Сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон Комил Муҳаммадов ба АМИТ «Ховар» хабар дод. Дар маросими супурдани кӯмаки башардӯстона иштироки сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов ва роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Тоҷикистон пешбинӣ карда мешавад. Кӯмаки хайрия дар байни одамон ва оилаҳое тақсим карда мешавад, ки бар асари фалокатҳои табиӣ, аз ҷумла боришоти тӯлонии фасли баҳори имсола зарари калон дидаанд. Комил Муҳаммадов зикр намуд, ки кӯмаки дуюми хайрияи Русия ба Тоҷикистон 10 июн фиристода мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






