КЎМАКИ НАВБАТИИ ХАЙРИЯИ РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН

Июнь 11, 2009 09:52

                  Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова).-Дирӯз боз як ҳавопаймои боркаши Вазорати вазъияти фавқулоддаи Федератсияи Русия ба Тоҷикистон миқдори зиёди кӯмаки хайрия овард. Кӯмаки хайрия барои онҳое пешбинӣ шудааст, ки охири моҳи апрел ва аввали моҳи майи соли равон бар асари боришоти тӯлонӣ зарар дидаанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки кӯмаки нахустини хайрияи Русия 9 июн ба Душанбе оварда шуд. Маблағи умумии кӯмаки нахустини хайрия қариб 21 миллион рубли Русия мебошад.                 10 июн ба Тоҷикистон боз бештар аз 10 тонна консерваи гӯштӣ, 70 хаймаи «Помир-30», 4 нерӯгоҳи хурди барқии сайёр, қариб 2,5 ҳазор метри мураббаъ шиша ва 2,5 ҳазор кампал фиристода шуд. Дар маросими супоридани кӯмаки хайрия сафири Русия дар Тоҷикистон Ю. Попов, муовини аввали директори Агентии захираҳои давлатии молиявии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ С. Зиёдуллоев ва муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулъодда ва мудофиаи шаҳрвандии мамлакат Р. Шоев иштирок доштанд.  

Июнь 11, 2009 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд