МАҚОМОТИ ДУШАНБЕ БОЗ 7 МАКТАБ МЕСОЗАД

Июнь 18, 2009 10:13

                    Душанбе, 18 июн.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар давоми 6 соли охир дар пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе барои 13 ҳазору 500 нафар хонанда синфхонаҳои нав кушода шудааст,- иброз доштанд дар раёсати маорифи шаҳри Душанбе.                     Ҳамзамон ба муносибати 20 — солагии истиқлолияти ҷумҳурӣ ва 900 рӯзи ободонии шаҳр нақшахои сохтмонӣ давом доранд.                    Дар назар аст, ки дар арафаи ин санаҳои муҳим 7 мактаби нав барои 1154 нафар хонанда сохта ба истифода дода шавад.                      Ҳоло аз рӯи ин нақшаи сохтмонӣ, сохтмони як мактаб дар ноҳияи Сино, ду мактаб дар ноҳияи И. Сомонӣ ва дутогӣ дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Шоҳмансур идома дорад.Сохтмони ҳамаи ин иншоотҳо аз ҳисоби буҷаи шаҳр маблағгузорӣ карда мешаванд.

Июнь 18, 2009 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд