МАҚОМОТИ МИСР ШАҲРВАНДОНИ РУСИЯРО БА ҲАБС ГИРИФТАНД
Қоҳира, 2 июн. (АМИТ «Ховар», ИТАР ТАСС).- Мақомоти амниятии Миср то имрӯз 25 донишҷӯи Русияро дар маҳбас нигоҳ медоранд. Аз рӯи хабарҳои расида, 13 нафари онҳо аз қаламрави Миср ронда мешаванд. Дар ин бора аз шӯъбаи консулгарии сафоратхонаи Русия дар Қоҳира хабар доданд. Тибқи хабарҳои расида, шаби 27 май 37 нафар шаҳрванди Русия дар Қоҳира дастгир карда шуд. Шаҳрвандони Русия, ки қаламрави Мисрро тарк мекунанд, бояд хароҷоти роҳу нақлиётро аз ҳисоби худ пардозанд. Донишҷӯёни озодшуда нақл карданд, ки кормандони политсия онҳоро на танҳо дар хобгоҳ, балки дар кӯчаҳо таъқиб намуда ва дастгир кардаанд. Қисми зиёди донишҷӯёни дастгиршуда шаҳрвандони Чеченистон, Иристони Шимолӣ, Доғистон, Тотористон ва Қалмиқистон буда, донишҷӯёни Донишгоҳи Алазҳор мебошанд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






