МАҲФИЛИ ҲОЗИРҶАВОБОН

Июнь 11, 2009 16:06

                Рашт, 11 июн.(АМИТ «Ховар»,Мирзосафар Ризвонов).-Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Ғарм бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам дар доираи Барномаи рушди саломатии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010 байни дастаҳои ҷавонони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод ва Ҷиргатол маҳфили ҳозирҷавобон дар мавзӯи «Унсурҳои саломатӣ аз нигоҳи Имоми Аъзам» баргузор гардид.                 Ҷамъбасти озмун нишон дод, ки дастаи ҷавонони ноҳияи Тоҷикобод нисбати дигар дастаҳо фаъолона баромад карда, сазовори ҷои аввал гардида бо гирифтани мукофоти таъсис намудаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардид. Боиси қайд аст,ки беҳтарин номераҳои дастаҳои номбурда дар даври ниҳоии озмун дар пойтахти кишвар, ки охири моҳи июни соли равон доир мегардад, пешкаш хоҳанд шуд.

Июнь 11, 2009 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд