МАҶЛИСИ ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Июнь 10, 2009 11:20

                   Хуҷанд, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- Дирӯз дар шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода маҷлиси фаъолони вилоят баргузор гардид. Дар он натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии вилоят дар давоми 5 моҳи гузашта ҷамъбаст карда шуданд. Зикр шуд, ки дар ин муддат нақшаи қисмати даромади буҷет 104 % ва қисмати хароҷоти он 95,7% иҷро шуд.                  Дар давоми 5 моҳи гузашта дар вилоят нақшаи истеҳсоли маҳсулоти саноат 100,8 % ба иҷро расид. Маблағи хариду фурӯши мол бо мамлакатҳои хориҷӣ 304,1 миллион доллари ИМА ва маблағи воридоти мол аз хориҷи кишвар 250 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Ин нисабт ба ҳамин давраи соли гузашта 15 миллион доллар зиёд мебошад.                 Дар давоми моҳҳои гузашта барои иҷрои барномаҳои умумиҷумҳуриявӣ дар ҳудуди вилоят 18,9 миллион доллари ИМА сарф шуд. Дар ин муддат дар қисмати шимолии мамлакат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,5 % бештар маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъ оварда шуд. Аз ҷумла, 122,5 тонна сабзавоти барвақтӣ ба харидорон пешкаш гардид.

Июнь 10, 2009 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд