МАҶЛИСИ НАВБАТИИ ШЎРОИ СИЁСАТИ ЭНЕРГЕТИКӢ
Душанбе, 16 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе маҷлиси навбатии 14-уми Шӯрои сиёсати энергетикии назди Кумитаи ҳамгироии Ҷомеаи иқтисодии Евразия кушода шуд. Дар он намояндагони Тоҷикистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия иштирок доранд. Маҷлисро намояндаи доимии Ҷумҳурии Қазоқистон, котиби масъули шӯрои мазкур Эркинбек Қӯйшабоев кушод. Рӯзномаи маҷлис 13 масъаларо дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории давлатҳои аъзои ҷомеа дар соҳаи энергетика, амалӣ сохтани барномаи таъсиси бозори умумии қувваи барқ, таҳияи созишномаҳо дар бораи бозори мазкур, рушди соҳаи ҳамлу нақли маводи энергетикӣ ба воситаи трубопроводҳо ва таъмини амнияти экологӣ дар соҳаи энергетика муҳокима карда мешаванд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки қисмати асосии маҷлис бо иштироки роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо ва созмонҳои манфиатдор 18 июн дар Ҷамъияти саҳҳомии «Барқи Тоҷик» баргузор мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






