МАҶЛИСИ НАВБАТИИ ШЎРОИ СИЁСАТИ ЭНЕРГЕТИКӢ

Июнь 16, 2009 16:24

                 Душанбе, 16 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе маҷлиси навбатии 14-уми Шӯрои сиёсати энергетикии назди Кумитаи ҳамгироии Ҷомеаи иқтисодии Евразия кушода шуд. Дар он намояндагони Тоҷикистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия иштирок доранд. Маҷлисро намояндаи доимии Ҷумҳурии Қазоқистон, котиби масъули шӯрои мазкур Эркинбек Қӯйшабоев кушод. Рӯзномаи маҷлис 13 масъаларо дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории давлатҳои аъзои ҷомеа дар соҳаи энергетика, амалӣ сохтани барномаи таъсиси бозори умумии қувваи барқ, таҳияи созишномаҳо дар бораи бозори мазкур, рушди соҳаи ҳамлу нақли маводи энергетикӣ ба воситаи трубопроводҳо ва таъмини амнияти экологӣ дар соҳаи энергетика муҳокима карда мешаванд.                 Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки қисмати асосии маҷлис бо иштироки роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо ва созмонҳои манфиатдор 18 июн дар Ҷамъияти саҳҳомии «Барқи Тоҷик» баргузор мегардад.

Июнь 16, 2009 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад