МАҶЛИСИ ШӮРОИ МУДИРОНИ БОНКИ РУШДИ ИСЛОМӢ

Июнь 3, 2009 17:14

                     Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Рӯзҳои 2-3 июни соли ҷорӣ дар Ашқобод маҷлиси 34-уми Шӯрои мудирони Бонки рушди исломӣ баргузор гардид.                     Дар он ҳайатҳои 50 кишвари аъзои Бонки рушди исломӣ, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ — Озарбойҷон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, кишварҳои Африқо ва баъзе кишварҳои Араб иштирок доштанд.                     Аз Тоҷикистон дар ин маҷлис вазири рушди иқтисод ва савдои мамлакат Ғуломҷон Бобозода ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода иштирок намуданд.                    Иштирокчиёни маҷлис масъалаҳои марбут ба рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоии кишварҳои узви БРИ ва нақшаҳои ояндаи ҳамкориро муҳокима карданд.  

Июнь 3, 2009 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд