МАҶЛИСИ ШЎРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

Июнь 19, 2009 14:39

                     Кишинев, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Имрӯз дар шаҳри Кишинев маҷлиси 42-юми Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор мегардад. Дар он 14 масъала, аз ҷумла лоиҳаи созишномаи рушди якҷояи шабакаи роҳҳои нақлиётии байналхалқӣ дар қаламрави давлатҳои Иттиҳод муҳокима карда мешаванд. Созишномаро иштирокчиёни машварати нақлиётии ҳамоҳангсози давлатҳои ИДМ ва Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани ИДМ ҳамроҳи Кумитаи иҷроияи ИДМ ба муҳокима пешниҳод намудаанд.                     Дар маҷлис инчунин созишномаи ҳамкории давлатҳои ИДМ дар соҳаи истифодаи хатҳои байнидавлатии интиқоли барқ баррасӣ карда мешавад. Онро Шӯрои энергетикии ИДМ ҳамроҳи Кумитаи иҷроияи Иттиҳод тайёр намудаанд. Дар маҷлиси Шӯрои иқтисодӣ масъалаи ташкили гурӯҳи кории таҳияи лоиҳаи барномаи байнидавлатии мақсадноки ҳамкории давлатҳо дар соҳаи сармоягузорӣ дар давраи то соли 2020 мавриди баррасӣ қарор дода хоҳад шуд.  

Июнь 19, 2009 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд