МАҶЛИСИ ШЎРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД ДАР МАСКАВ БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Маскав, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Маҷлиси Шӯрои вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 14 июн дар Маскав баргузор мегардад. Дар маҷлис масъалаҳои тавсиаи ҳамкории созмон бо созмонҳои дигари байналхалқӣ, ҳисоботи раиси Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, вазири корҳои хориҷии Арманистон дар бораи тадбирҳои гузашта, ҷараёни иҷрои қарорҳои мулоқоти ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар бораи ташкили Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ, муҳайё сохтани заминаи қонунӣ барои истифодаи онҳо ва лоиҳаи созишномаи принсипҳои асосии ташкили системаи идораи махфии ҷузъу томҳои низомиро муҳокима хоҳанд кард. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ин маҷлис вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ иштирок менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






