МАКТАБИ МАХСУСИ ТОБИСТОНА БАРОИ БАЧАГОН МАЪЮБ
Душанбе, 30 июн. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Аз 28 июн то 5 июли соли ҷорӣ бо дастгирии созмони байналмилалии Пажӯҳишгоҳи «Ҷомеаи Кушод — Бунёди Мадад» дар Тоҷикистон барои бачагони бемори аз 10 то 14-сола мактаби тобистона фаъолият хоҳад кард, ки таҳти шиори «Ҳамаи мо гуногун, вале баробарҳуқуқем» амал мекунад. Тавре ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсади асосии ташкили мактаби тобистона додани имконият барои буду бош, истироҳат, солимгардонӣ, таълим ва муоширати якҷояи кўдакони бемору маъюб бо ҳамсолони солимашон мебошад. Барномаи мактаби тобистонаро мутахассисони маҳаллӣ якҷоя бо мутахассисони Ассотсиатсияи ҷамъиятии волидони кўдакони маъюби Санкт-Петербург тартиб додаанд. Барнома тадбирҳои фарҳангию таълимӣ, рушддиҳанда ва солимгардониро дар бар мегирад. Барномаи мактаби тобистона на фақат барои истироҳат ва солимгардонӣ, балки барои таълим, муошират ва истиқомати якҷояи кўдакон имконият медиҳад.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






