МАКТАБИ ТОБИСТОНАИ ТАЪРИХШИНОСОНИ ҶАВОН
Ереван, 16 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Дар пойтахти ҷумҳурии Арманистон- шаҳри Ереван Мактаби тобистонаи байналхалқии таърихшиносони ҷавони мамлакатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил кушода шуд. Мавзӯи имсолаи машғулиятҳои он «Таърихи имрӯза ва омӯзиши таърихи мамлакатҳои ИДМ» мебошад. Директори Пажӯҳишгоҳи таърихи умумии Академияи илмҳои Федератсияи Русия Александр Чубарян аҳамияти фаъолияти муштараки илмии олимони ҷавонро таъкид намуда, диққати иштирокчиёни маросими ифтитоҳи мактабро ба бештар сохтани теъдоди мамлакатҳо дар фаъолияти мактаб ҷалб намуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Мактаби байналхалқии тобистонаи олимони ҷавони мамлакатҳои ИДМ дар Ереван 4 сол боз фаъолият дорад. Олимони ҷавони мамлакатҳои гуногун ба туфайли он бисёр масъалаҳои баҳсноки таърихиро якҷоя таҳқиқ менамоянд. Мактаби мазкур бо ташаббуси Пажӯҳишгоҳи таърихи умумии Академияи илмҳои Русия ва дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ таъсис дода шуд. Дар фаъолияти мактаб намояндагони Арманистон, Белорусия, Қазоқистону Қирғизистон, Молдавияю Русия, Тоҷикистону Ўзбекистон ва Украина ширкат меварзанд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






