МАЪМУРИЯТИ БАРАК ОБАМА БА ТОҶИКИСТОН КӮМАК МЕКУНАД

Июнь 17, 2009 10:10

                 Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Буҷаи солонаи ИМА дар моҳи октябр қабул мегардад.                 Дар буҷаи нави ИМА аз ҷониби маъмурияти Барак Обама дар бораи кӯмак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод карда шудааст. Андозаи кӯмак ба Тоҷикистон ду баробар зиёд карда мешавад.                Дар соли 2008 кӯмаки молиявии Амрико ба Тоҷикистон 25, 2 млн. долларро ташкил дод. Ин кӯмак дар соли 2009- 2010 ба 46,5 млн. доллар расонида мешавад.                Дар назар аст, ки кӯакҳои ҳарбӣ низ барои Тоҷикистон зиёд карда мешаванд. Дар чаҳорчӯбаи ин барномаҳо маблағгузории ҳарбӣ барои Тоҷикистон аз 750 ҳазор доллар ба 1,5 млн. доллар расонида мешавад.                 Чунин кӯмакҳо ба ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Туркманистон низ пешбинӣ шудааст.  

Июнь 17, 2009 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд