МАЪРАКАИ МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ МАВОДИ НАШЪАДОР

Июнь 24, 2009 10:27

                 Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).- Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурӣ дар арафаи Рӯзи байналмилалии мубориза ба муқобили маводи нашъадор ва хариду фурӯши ғайриқонунии он бо иштироки созмонҳои ҷавонон ҷамъомадҳои гуногун баргузор месозад. Тадбирҳои маърака рӯзҳои оянда дар ноҳияҳои тобеъи марказ, шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон гузаронида мешаванд. Дар ҷараёни маърака бо иштироки ҷавонон, бачагон, занон ва намояндагони гурӯҳҳои дигари ҷомеа проблемаҳои нашъамандӣ, пешгирии оқибатҳои он ва тадбирҳои пешгирикунандаи ин зуҳуроти номатлуб мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки чунин мулоқоту сӯҳбатҳо дар истироҳатгоҳҳои бачагонаи берунишаҳрӣ гузаронида мешаванд. Пагоҳ дар шаҳри Турсунзода бо иштироки мутахассисони соҳаи тиб ва ҷавонон мулоқот баргузор мегардад. Баъди мулоқот қувваозмоии футболбозони наврас ташкил карда мешавад. Дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Шаҳринав мусобиқаи волейболбозон ва шоҳмотбозон ба нақша гирифта шудааст.                26 июн дар боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Қӯрғонтеппа бахшида ба Рӯзи байналмиллалии мубориза ба муқобили нашъамандӣ мусобиқаҳои варзишӣ ва дар ноҳияи Шӯрообод ҷашнвораи ҷавонон баргузор хоҳад гашт. Дар ноҳияҳои Фархор ва Ваҳдат мусобиқаи дастаҳои футболбозон гузаронида мешавад.                Бахшида ба ин мавзӯъ дар ҳамаи ноҳияҳои пойтахт низ ҷамъомадҳои фарҳангию оммавӣ ба нақша гирифта шудаанд. Тарҷумаи Зебо Иноятова

Июнь 24, 2009 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад