МАЪРАКАИ МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ МАВОДИ НАШЪАДОР
Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).- Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурӣ дар арафаи Рӯзи байналмилалии мубориза ба муқобили маводи нашъадор ва хариду фурӯши ғайриқонунии он бо иштироки созмонҳои ҷавонон ҷамъомадҳои гуногун баргузор месозад. Тадбирҳои маърака рӯзҳои оянда дар ноҳияҳои тобеъи марказ, шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон гузаронида мешаванд. Дар ҷараёни маърака бо иштироки ҷавонон, бачагон, занон ва намояндагони гурӯҳҳои дигари ҷомеа проблемаҳои нашъамандӣ, пешгирии оқибатҳои он ва тадбирҳои пешгирикунандаи ин зуҳуроти номатлуб мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки чунин мулоқоту сӯҳбатҳо дар истироҳатгоҳҳои бачагонаи берунишаҳрӣ гузаронида мешаванд. Пагоҳ дар шаҳри Турсунзода бо иштироки мутахассисони соҳаи тиб ва ҷавонон мулоқот баргузор мегардад. Баъди мулоқот қувваозмоии футболбозони наврас ташкил карда мешавад. Дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Шаҳринав мусобиқаи волейболбозон ва шоҳмотбозон ба нақша гирифта шудааст. 26 июн дар боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Қӯрғонтеппа бахшида ба Рӯзи байналмиллалии мубориза ба муқобили нашъамандӣ мусобиқаҳои варзишӣ ва дар ноҳияи Шӯрообод ҷашнвораи ҷавонон баргузор хоҳад гашт. Дар ноҳияҳои Фархор ва Ваҳдат мусобиқаи дастаҳои футболбозон гузаронида мешавад. Бахшида ба ин мавзӯъ дар ҳамаи ноҳияҳои пойтахт низ ҷамъомадҳои фарҳангию оммавӣ ба нақша гирифта шудаанд. Тарҷумаи Зебо Иноятова








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






