МАРКАЗИ НАВИ ИСТИРОҲАТИИ ҶАВОНОНИ ИДМ
Минск, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- 1 июн дар заминаи истироҳатгоҳи миллии тобистонаи бачагонаи «Зубрёнок»-и Ҷумҳурии Белорусия Маркази байналмилалии истироҳатии ҷавонони ИДМ кушода шуд. Маркази мазкур «Дӯстӣ бидуни сарҳад» ном дорад. Ҷавонони мамлакатҳои ИДМ бо навбат дар ин ҷо ду ҳафта истироҳат карда, бо ҳамдигар аз наздик шинос мегарданд. Котиби матбуоти Бунёди байналхалқии ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ Александр Калугин зикр намуд, ки дар ин ҷо ҳар ҳафта мулоқоту сӯҳбатҳо, ҷамъомадҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва викторинаю озмунҳо гузаронида мешаванд. Ҳар рӯзи истироҳат дар ин ҷо ба яке аз мамлакатҳои Иттиҳод бахшида хоҳад шуд. Дар ташкили марказ Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Русия ва Тоҷикистон саҳм гузоштанд. Сарпарастии онро Вазорати маорифи Ҷумҳурии Белорусия, Бунёди байналхалқии ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ба зимма гирифтаанд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки қарори кушодани марказ дар ҷараёни мулоқоти сарони ҳукуматҳои ИДМ дар шаҳри Остона қабул шуда буд.








Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






