МАРКАЗИ НАВИ МАЪЛУМОТ ВА ИТТИЛООТ
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).-Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалӣ сохтани барномаи иттилоотии ЮНЕСКО бо кӯмаки молиявии СММ дар мактаб-интернати №4-уми пойтахт маркази нави маълумот ва иттилоотро ташкил намуд. Дар маросими ифтитоҳи марказ вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ ширкат варзид. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки барои ташкили маркази мазкур 12 ҳазор доллари ИМА сарф шуд. Дар доираи ташкили марказ ба мактаб-интернат 20 компютер, 2 дастгоҳи чопи лазерӣ, дастгоҳҳои нусхабардорӣ ва ғайра тӯҳфа карда шуданд. Аз ҳисоби маблағи ҷудокардашуда ҳуҷраи марказ тармим карда, бо асбобу анҷоми зарури муҷаҳҳаз гардонда шуд. Акнун тарбиягирандагони мактаб имконият доранд роҳу усулҳои истифодаи компютерро дар муддати кӯтоҳ аз худ намоянд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






