МАШВАРАТИ КОРӢ ДАР ҲУЗУРИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Дирӯз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов оид ба натиҷаҳои иҷрои буҷет ва истеҳсолоти давлатӣ дар панҷ моҳи аввали соли равон машварати корӣ доир гардид. Дар машварат ҳисоботи шахсони масъул оид ба нақшаи иҷроиши буҷети давлатӣ ва рушди истеҳсолоти ватанӣ дар зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ шунида шуд. Таъқид гардид, ки дар ин давра суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 102,9 фоиз расида бошад ҳам, дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла дар соҳаи саноат афзоиш ба 87,5 фоиз баробар шудааст, ки нисбат ба нақша кам мебошад. Дар мавриди иҷроиши буҷет бошад 23 шаҳру ноҳияи мамлакат нишондоди онро таъмин накардаанд. Оқил Оқилов масъулини соҳаро муваззаф гардонид, ки то ҷамъбасти шашмоҳа нишондиҳандаҳоро афзун гардонида, бобати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ таъқид гардидаанд ва таъмини амалисозии барномаҳои зиддибӯҳронӣ тадбирҳои аввалиндараҷа андешанд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






