МАВОДҲОИ ҚОЧОҚӢ МУСОДИРА КАРДА ШУДАНД
Қӯрғонтеппа, 16 июн. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). Аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумруки вилояти Хатлон якчанд ҳолатҳои ғайрирасмӣ ворид кардани адабиёт ва фитаҳо ба Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд. Тавре корманди дафтари матбуоти раёсати мазкур Олимхон Шарипов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар минтақаи гузаргоҳи гумрукии «Панҷи Поён» аз шаҳрванди Афғонистон Ганҷ Алӣ Амир Алӣ 48 фитаҳои сабти овоз дошта, ки 22 адади онҳо кортҳои худро барои кушодан доштанд мусодира карда шуд. Ҳамзамон истиқоматкунандаи ноҳияи Ёвон Сайфулло Ҳомидов мехост 610 адад китобҳои динии хурду калон, 10 диски дорои сабти динидошта ба Тоҷикистон ворид кунад.«Барои ворид кардани маводҳои мусодирашуда иҷозатномаи вазорати фарҳанги кишвар лозим буд, ва дар ҳолатҳои ҷойдошта чунин талаботҳо иҷро нашуда буданд» -қайд кард О .Шарипов.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






