МИҚДОРИ ЗИЁДИ НИҲОЛҲОИ БАНГИ ҲИНДӢ
Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).- Хизматчиёни ҳарбии Раёсати умумии артиши сарҳадии вилояти Суғд дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2009» дар давоми 10 рӯзи охир дар қаламрави вилоят бо мақсади ошкор сохтану нобуд кардани киштзори зироатҳои нашъадор амалиёти махсус гузарониданд. Дар натиҷа дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии ба номи Ёрматови деҳаи Равоти ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии Маъдани ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, дар ҳудуди посгоҳи сарҳадии «Ҳаштяк»-и дастаи марзбонони Истаравшан, дар ҳудуди Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии Андарсҳои деҳаи Янгиободи ноҳияи Спитамен ва кооперативи истеҳсолии «Чоркӯҳ»-и ноҳияи Исфара 330 ҳазор бех ниҳоли банги ҳиндӣ ошкор сохта ва нобуд карда шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки аз рӯи ҳамаи ин воқеаҳо парвандаҳои ҷиноӣ кушода шуданд ва тафтиши онҳо давом дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






