МУҲОКИМАИ ИСЛОҲОТИ ТАНДУРУСТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — 30 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе конференсия дар мавзӯъи «Ислоҳоти тандурустӣ дар Тоҷикистон» баргузор мегардад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» ҳамоҳангсоз бо ҷомеа ва васоити ахбори оммаи Лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ Лайлӣ Аҳмадова хабар дод, чорабинии мазкур бо дастгирии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази татбиқи Лоиҳа оид ба тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ гузаронида мешавад. Дар он донорҳо, шарикон, намояндагони вазоратҳои молия, иқтисод ва савдо, ҳифзи иҷтимоӣ ширкат хоҳанд кард. Дар он намояндагон оид ба идоракунии молиявии соҳаи тандурустӣ, маблағгузории сарикасӣ, воридсозии Барномаи Кафолатҳои давлатиро муҳокима мекунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






