МУҲОКИМАИ НАКШАҲОИ ҲАМКОРИИ ҲАРБИИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ
Маскав, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Имрӯз дар Маскав маҷлиси навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи мамлкатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил кушода мешавад. Раиси Кумитаи иҷроияи ва котиби иҷроияи ИДМ С. Лебедев зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» Ҳалима Хушқадамова зикр намуд, ки ин маҷлиси 56-уми Шӯрои вазирони мудофиаи мамлакатҳои ИДМ мебошад. Вай таъкид кард, ки ҳамкории ҳамаҷонибаю доманадори низомии мамлакатҳои Иттиҳод яке аз ҷиҳатҳои муҳимтарини мустаҳкам намудани амният ва тақвияти мубориза ба муқобили таҳдидҳо ва зуҳуроти номатлуби замони ҳозира ба шумор меравад. Дар маҷлис муҳокимаи бештар аз 20 масъала пешбинӣ карда мешавад. Иштирокчиёни он пеш аз ҳама муносибати умумии худро ба равнақу ривоҷи ҳамкории низомӣ дар давраи то соли 2015 муайян карда, нақшаи гузаронидани тадбирҳои муштараки қувваҳои мусаллаҳи ИДМ-ро дар соли 2010 тасдиқ менамоянд. Инчунин мӯҳлати гузаронидани тадбирҳои даври дуюми бунёди системаи муттаҳидаи алоқа, ҷараёни иҷрои нақшаи бунёди системаи ягонаи иттилоотии соҳаи ҳарбӣ, низомнома дар бораи таъминоти иттилоотии хадамоти метрологӣ ва қарор дар бораи таъминоти илмии таҳқиқоти масъалаҳо ва проблемаҳои ҳарбӣ, истифодаи заминаи техникию меъёрӣ ва методии системаи муштаракаи таъминоти метрологӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Дар маҷлис ба таъмини бехатарии парвози ҳавопаймоҳои низомӣ диққати махсус дода хоҳад шуд. Мо масъалаи тайёр кардани кадрҳои низомиро барои Қувваҳои мусаллаҳи мамлакатҳои ИДМ муҳокима хоҳем кард, гуфт дар хотима С. Лебедев.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






