МУҲОКИМАИ ПЕШНИҲОДИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАҶЛИСИ ЮНЕСКО

Июнь 20, 2009 11:31

                       Душанбе, 20 июн. (АМИТ «ховар», Наргис Бояхмедова).- Аз 22 то 30 июни соли равон дар шаҳри Севили Испания маҷлиси навбатии 33-юми ЮНЕСКО баргузор мегардад. Дар он пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи шомил сохтани Боғи миллии Тоҷикистон (Кӯҳистони Помир) ба Феҳрасти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО мавриди муҳокима қарор дода хоҳад шуд. Аз дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар ин маҷлис пешниҳодҳои Қирғизистон ҳам дар ин масъала баррасӣ карда мешаванд.                      Қайд кардан лозим аст, ки то ҳол ягон ёдгории фарҳангӣ ё табиии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Феҳрасти мероси ҷаҳонӣ дохил карда нашудааст. Феҳрасти мазкур аз минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо 10 ёдгории қадимаи фарҳангиро дар бар мегираду халос.                      Аз Тоҷикистон дар маҷлиси ЮНЕСКО сармутахассиси шӯъбаи мамнӯъгоҳҳо ва ёдгориҳои таърихию табиии Муассисаи давлатии мавзеъҳои табиии махсус муҳофизашавандаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ Адо Цой иштирок менамояд.

Июнь 20, 2009 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд