МУЛОҚОТИ ҒАЙРИРАСМӢ ДАР ИТАЛИЯ
Маскав, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа дар мулоқоти ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои САҲА ва роҳбарони созмонҳои байналхалқӣ ширкат меварзад, ки рӯзҳои 27-28 июн дар ҷазираи Корфуи Италия баргузор хоҳад гашт. Н. Бордюжа дар майдони ҳавоӣ қабл аз парвоз ба Италия зимни сӯҳбат бо хабарнигорон зикр намуд, ки мулоқоти мазкур дар таърихи умумиаврупоӣ ҳамто надорад. Зеро вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД, роҳбарони созмонҳои байналхалқии дар минтақаҳои Аврупо ва Атлантика фаъолиятдошта — Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди давлатҳои мустақил НАТО, Иттиҳоди Аврупо ва Созмони амнияту ҳамкории Аврупо бори аввал якҷоя сари мизи мушовара хоҳанд нишаст. Ин мулоқот ғайрирасмӣ бошад ҳам, имкон хоҳад дод, ки роҷеъ ба ҳамаи масъалаҳои таъмини амният ва ҳамкорӣ дар минтақаҳои Аврупо ва Атлантика табодули назар карда шавад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки мулоқоти ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД ва роҳбарони созмонҳои байналхалқӣ тибқи пешниҳоди раиси ҳозираи созмон, вазири корҳои хориҷӣ Д. Бакояни баргузор мегардад. Тарҷумон Қудратов А.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






