МУЛОҚОТИ ҲАЙАТИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ АНҶОМ ЁФТ
Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).-Рӯзҳои истироҳати гузашта дар шаҳри Душанбе мулоқоти ҳайати сегонаи Иттиҳоди Аврупо ва вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ анҷом ёфт. Зимни мулоқот масъалаҳои рушди иқтисодиёт, проблемаҳои экология, истифодаи захираҳои об, таъмини амнияти минтақа, мубориза ба муқобили хариду фурӯши айриқонунии маводи нашъадор, тақвияти муҳофизати сарҳадҳо ва ғайра муҳокима шуданд.Иштирокчиёни мулоқот инчунин, ҷараёни иҷрои барномаи стратегии Иттиҳоди Аврупоро дар Осиёи Марказӣ, ҳуҷҷати таҳриршударо дар бораи афзалиятҳои миллӣ ва нақшаи тадбирҳои Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои Осиёи Марказиро дар мубориза ба муқобили паҳн гардидани маводи нашъадор, вазъияти Афғонистон, Покистон ва Эронро мавриди баррасӣ қарор доданд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки ба ҳайати сегонаи Иттиҳоди Аврупо вазири корҳои хориҷии Чехия Ян Когоут, вазири корҳои хориҷии Шветсия Карл Илдт ва намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Пер Морел шомил буданд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






